Паёми табрикии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони азиз,
Бистуҳафтуми июни ҳар сол дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон – Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санаи сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Вобаста ба ин фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Синоро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва ба кишвари ваҳдатофарамон Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри сулҳу дӯстӣ – Душанбеи азизу дилоро ваҳдати ҷовидон, сарзабзии ҳамешагӣ ва рушду тарақии беш аз пешро таманно мекунам.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, «Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзи нукта гузоштан ба фоҷиаи миллат, ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил карда мешавад. Зеро амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад».
Воқеан ҳам, сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ неъмати бузург буда, дар марҳилаи пуртаззоди таърихӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи халқи Тоҷикистонро равшан сохта, барои амалӣ шудани ормонҳои халқамон заминаи воқеӣ гузошт.
Ин санаи муқаддаси таърихӣ барои сокинони кишвари мо оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоишта буда, ҳамчун наҷотбахши миллат дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Маҳз фазои ваҳдатбор ва амнияти комили Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки имрӯзҳо Ватани маҳбуби мо дар қатори кишварҳои амн ва барои зиндагии шоиста созгор эътироф гардида, ин пайк боиси обод гардидани ҳар гӯшаи кишвар, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе гардидааст.
Азму талошҳо ва татбиқи барномаҳои созандаи ба рушди бемайлони соҳаҳои гуногун равонанамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ аз паёмадҳои ваҳдати миллӣ сарчашма гирифта, пиёдасозии онҳо пеш аз ҳама ба устуворӣ ва ҷовидонагии ваҳдат ва суботу аминияти ҷомеа равона карда шудаанд.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар кишвар марҳалаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ гардида, бо туфайли сулҳу субот ва иродаи қавии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар ҳамватанони гурезаву аз Ватан дурафтода ба маҳалли зисташон баргардонида шуд. Сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, манзилҳои зисту иншоотҳои сӯхтаву валангоршуда барқарор гардиданд.
Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди заминасозии иқтисоди миллӣ ва фароҳамоварии шароити мусоид барои таҳкурсии мустаҳкамии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар ҳафадҳои стратегӣ қабул намуда, онҳоро бомаром марҳала ба марҳала иҷро намуда истодааст.
Дар ин давра кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ раҳо гардида, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси марҳалаи мазкур мебошанд.
Дар ин марҳала ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, инчунин садҳо иншооти дигари таъиноташ гуногун қомат афрохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ бунёд гардида, симои шаҳру ноҳияҳо, шароити зисти сокинони онҳо имрӯз куллан дигаргун гардиданд, ки ин ҳама нишона аз фазилати сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва рушди пайвастаи Тоҷикистони азиз зери роҳбарии Пешвои муаззаму ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамдиёрони азиз,
Боиси ифтихор аст, ки пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат, якдиливу ҳамзистии осоишта ва бо камоли ифтихору сарфарозӣ аз ватану ватандорӣ мардуми шарифи кишвар таҳти раҳнамоиҳои оқилонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаву хуҷастаи миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Маҳз амалӣ гардидан ва ҳамовозӣ пайдо намудани ин тадбири муҳим ва ҷонибдориву ҳамрозии мардуми шарифи кишвар аз сиёсати некбинонаву холисона роҳабарияти олии сиёсии кишвар сарчашма мегирад.
Дар ин замина, сокинони шарафманди ноҳияи Сино низ бо илҳом аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбахтона дар атрофи андешаи “Тоҷикистони азизу муқаддас-Ватани азизи маҳбуби ҳамаи мост!” муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз баракати сулҳу субот, осоиштагиву ваҳдат ва озодиву истиқлолият баҳри рушди босубот ва ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон ҷаҳду талош варзида истодаанд.
Дар фарҷом, бо умеди пояндагии ҷовидона ва ҳамдиливу ҳамбастагии мардумони Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳамаи Шумо, ба хусус ба сокинони сарбаланду шукргузори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва хушбахтиву хушнудӣ орзу намуда, ба Ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбубу ваҳдатофар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду тараққиёти бемайлонро таманно мекунам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!