МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ 16 ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Сокинони арҷманд,

Ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои давлату миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” таҷлил карда мешавад, муборакбод менамоям. Дар ин ҷашни таърихӣ ва фараҳбахш ба Шумо сарбаландӣ, муваффақият ва комёбиҳои беназирро орзумандам.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар санаи 16-уми ноябр беасос нест. Зеро дар ҳамин рӯз яъне 16-уми ноябри соли 1992 бо мақсади пойдории ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти миллӣ, муайян намудани самти инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона Иҷлосияи тақдирсози XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри таърихии Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардида, то 2-юми декабри соли 1992 идома ёфт. Иҷлосияи тақдирсоз ояндаи дурахшони давлату миллати моро муайян намуда, бо амри тақдиру фазли Илоҳӣ, бо роҳи раъйдиҳии пинҳонӣ вакилони Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он вақт сарвари давлат ба ҳисоб мерафт, интихоб намуданд.

Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давраи ҳассос, ки авҷи даргириҳои дохилӣ ва ҷанги бародаркушу хонумонсӯз, ки оқибати аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид гардидани Тоҷикистони ҳамакнун соҳибистиқлолгардида ба ҳисоб мерафт, бе асос нест. Зеро, вакилони Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия воқеан пай бурданд, ки ин шахс барои кишвари мо сулҳу оромиро таъмин менамояд.

Натиҷаи боварии вакилони Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 197 нафар вакилони дар Иҷлосия иштирокдошта 186 нафар овоз доданд ва ин шахсияти таърихӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аввалин баромади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри таърихии Арбоб низ гувоҳ аз сулҳу ваҳдатофаринӣ ва рушду тараққиёти кишвар медиҳад, ки роҳбари давлат чунин гуфтаанд: “…Ҳамаи мо нишастагиҳо дар ин толор бояд ёру бародар бошем, ҳамфикр бошем ва тамоми чораҳоро андешем, то ки дар ҷумҳурӣ пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Вазифаи асосии ҳар яки мо нишастагиҳо дар ин толор аз он иборат аст, ки пеши роҳи хунрезиро бигирем ва ававалин фаъолияти ман дар ин мансаби холие, ки шумо боварӣ кардед, аз он оғоз мегардад, ки пеши роҳи хунрезӣ дар ҷумҳурӣ гирифта шавад. Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба амал оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фоҷеа муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва мо ба он мекушем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба Иҷлосия омадаем.” Ин суханон аз он шаҳодат медиҳад, ки Худованд ба мардуми Тоҷикистон Пешвои фидокору мардумиро ато намуд. Ҳарчанд аксарияти сиёсатмадорони дохиливу хориҷӣ ба ҳукумати таъсисёфтаи роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ надоштанд. Аксари онҳо таъкид менамуданд, ки умри ин ҳукумат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ду ҳафта беш нахоҳад буд. Вале имрӯз зиёда аз 32 сол мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми вуҷудашон барои мардуми шарифи Тоҷикистон кишвари ободу мутараққиро сол аз сол зеботару ободтар бунёд намуда истодаанд.

Чунончи, Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим  вобаста ба ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудааст:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.
Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки доим дар самояш пурҷило тирукамон бошад.
Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.

Баъд аз хомуш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ вазифа гузоштанд, то охирин гурезаро, ки замони даргириҳо ба кишвари ба мо ҳамҷавор Ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор намуда буданд, ба Тоҷикистон, ба сарзамини аҷдодии хеш баргардонанд. Бо ин мақсад, роҳбари давлат борҳо ҷонбозиҳо намуда, ба кишвари Афғонистон сафар намуданд. Зимни сафарҳояшон бо гурезагони Тоҷикистон дар ин кишвар суҳбатҳо ороста, мардумро даъват намуданд, то ба кишвари худ баргарданд. Аз ҷумла, Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки “…Ман ба Шумо ваъда медиҳам, ки ҳама якҷо фаъолият намуда, Тоҷикистонро биҳиштосо мегардонем.”

Воқеъан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ мебошанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо истиқболи гарму ҷушони сокинони кишвари азизамон зимни сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Дар доираи сафарҳои кориашон бо аҳли ҷамоатҷигӣ ва сокинон суҳбатҳо ороста, аз ҳолу аҳвол ва рӯзгору зиндагиашон пурсон мешаванд. Пайваста ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода, бо ятимону маъюбон ва ашхоси ниёзманд аз наздик вохӯрӣ баргузор менамоянд. Ҳамин аст, нишони мардумӣ будани Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зиҳӣ Пешвои сулҳофар ва Президенти мардумӣ!

Пояндаву ҷовидонӣ бод сулҳу ваҳдат ва озодӣ дар Тоҷикистони биҳиштосо!

Сокинони гиромиқадр, дар ҳамин санаи таърихӣ яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд.

Итминон дорам, ки бо азму иродаи якҷоягӣ шахсият ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро бигузорем. Ин санаи мубораки таърихиро ба ҳамагон табрику таҳният мегуем!