МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ ПОЙТАХТИ АЗИЗАМОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз имрӯз 19 декабри соли 2023 бо ҷалби кормандони Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳия дар минтақаи №12, кормандони МД «Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳия дар минтақаи №13 ва бо ҷалби кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии ноҳияи Сино дар минтақаи №91 ҷиҳати таъмни тозагии маҳалли зисти шаҳракҳои болозикр, бахусус аз хазонрезаҳои тирамоҳӣ аксияи тозагӣ ташкил ва гузаронида шуд.