МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – МАСЪУЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪОНА

Published by bro on

15 июни соли 2023, ноҳияи Сино

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботӣ вобаста ба маданияти шаҳрнишинӣ, тарбияи ватандӯстӣ, татбиқи босамари қонунҳои миллӣ, зиракии сиёсӣ, илмомӯзӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим,  истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбияи фарзанд ва дар ин замина пешгирии падидаҳои номатлуб,  ҷинояткориву қонуншиканиҳо миёни ноболиғону ҷавонон, ифротгароӣ, омилҳои коррупсионӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва монанди ин мулоқоти масъулин бо фаъолони ноҳияи Сино доир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Нақшаи чорабиниҳо бо дарназардошти амали намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳияву аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳрӣ тасдиқ гардида, дар баробари дигар қишри ҷомеа баргузории чорабиниҳо бо сокинони маҳаллаҳои нав аз ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе воридгардида ба назар гирифта шудааст.

Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ Сафарализода С.С., муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майёр Назарзода Т., намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарият ва масъулини соҳаи маориф ва тандурустӣ, занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана, фарҳанг, директорони  муассисаҳои таълимӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои худуди ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода С.С. оид ба ҳадафҳои нақшаи тасдиқ гардида, ҷиҳати роҳандозӣ ва фаъолияти пурсамар бо сокинони маҳаллаҳо дар давоми моҳҳои июн, июл ва август суханронӣ намуд.

Дар идома намояндагони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаҳои болозикр суханони намуда, ба волидайни марҳум лейтинанти калон Баротов М.С., собиқ хизматчии ҳарбии ҚС КДАМ ҶТ дар муноқишаҳои сарҳадии соли 2022 дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми адои вазифаи хизматӣ қаҳрамонона фавтидааст, бо ордени “Шараф” қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамчунин бо намояндагӣ аз аҳли уламо имомхатибони маҳаллаҳо дар тақвияти суханони масъулин андешаҳояшро баён дошта, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, тамоми фаъолони ҷомеа дастаҷамъона бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон ҳамкории муштарак ба роҳ монанд.

Дар фарҷом муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ муштарак ва иқдоми мазкур, ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода мешавад,  қаноатмандӣ намуда, омодагии сохторҳои ноҳиявиро ҷиҳати сифатнок ба роҳ мондани чорабиниҳо изҳор дошт.