МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро муҳимтарин масъалаи рӯзгор номида, бо дарназардошти он, ки фардои миллати мо дар дасти ҷавонону наврасон аст, соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат эълон намуданд.
Бо мақсади амалисозии рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, васеъ будани ҷаҳонбинии илмӣ, дастраси пайдо кардан ба техникаю технология, тавсияи ихтироъкорию навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзишӣ фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табии ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 рӯзҳои 27-30 майи соли 2023 баргузор гардид, 1936 нафар довталабон фаъолона иштирок намуданд.
Дар натиҷа 128 нафар иштирокчиёни озмун, аз ҷумла 81 нафар аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 41 нафар аз ҳисоби донишҷӯён, 4 нафар аз ҳисоби омӯзгорон ва 2 нафар аз ҳисоби калонсолон ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” роҳхат гирифтанд.
Ҳамаи ғолибони озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври дуюми озмуни мазкур ғолиб баромаданд, бо диплому сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва маблағпулӣ қадрдонӣ гардиданд.