МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР – ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА МАРКАЗҲОИ ЁРИРАСОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Published by bro on

16.05.2023 н. Сино

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 2-и “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ки бо қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2014, №294 тасдиқ гардидааст,  семинар-тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳамоҳангсозии соҳаи тандурустӣ ва марказҳои ёрирасон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”-ро миёни намояндагони марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои ёрирасон, шуъбаҳои офиятбахши тиббию иҷтимоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои давлатие, ки бевосита ба ҷабрдидагон кӯмакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббию иҷтимоӣ расонида мешавад, роҳандозӣ намуд.

Сараввал муовини Раиси ноҳия Сафарализода Ситора Сафаралӣ ҷаласаро оғоз намуда   меҳмонони чорабиниро  муаррифӣ намуд:  Шарифова Мавлуда – муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саломова Манзура Ғуломовна – директори МД “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе; Мамаҷонова Саёҳат Назрулоевна – муовини директори маркази шаҳрии саломатии рақами 9,  Робия Низомӣ – директори муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и маркази саломатии шаҳрии №14 ширкат варзида суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар семинари намояндагони соҳаи тандурустии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, директорони марказҳои саломатии шаҳрӣ, раисони шӯроҳои занони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ниҳодҳои давлатие, ки вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият доранд ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобила байни ниҳодҳои давлатӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, расонидани ёрии саривақтӣ ба ҷабрдидагон, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифат ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба бунёди оилаи солим, пешгирӣ ва огоҳкунии сокинон аз бемориҳои сироятӣ ва таҳкими муносибатҳои оилаву оиладорӣ, мебошад.