
Уличное освещение
Освещение улиц и проспектов города Душанбе государственным учреждением «Равшаний Душанбешахр» …
Уличное освещение
Таъмини равшании кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Барои муроҷиат бо танзимгарон метавонед бо рақами телефони 224-71-67, 221-87-81, 227-47-06 муроҷиат намоед.

Молодежь и спорт
Каждый настоящий человек не должен забывать прошлое своего народа, своих людей и родственников.
Молодежь и спорт
Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш , қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд.
Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд, ё андӯхгин мегардонад.

Коммунальные услуги
Утверждено Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан:
Коммунальные услуги
Аз ҷониби Хадамоти зидинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст:
Тариф барои 1 (як) истиқоматкунанда дар як моҳ барои сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Барои хонаҳои ободгардидашуда бо шахтаҳои партовбарорӣ – 2, 60 сомонӣ
Барои хонаҳои ободгардидашуда бе шахтаи партовбарорӣ – 2, 20 сомонӣ
Барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 3, 00 сомонӣ
Барои ҳавлиҳо – 3, 10 сомонӣ
Барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 (як) метри мураббаъ – 39, 00 сомонӣ
Моддаи 139-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ӯҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба таъмини муҳофизати фонди манзил
Шаҳрвандон вазифадоранд муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба таҷҳизоти санитарию техникӣ ва дигар таҷҳизот эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаи истиқоматӣ ва минтақаҳои атрофи бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумӣ қарор доштаро таъмин кунанд.
Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе вазафаҳои шаҳрвандон :
шаҳрвандон вазифадоранд, муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба таҷҳизоти техникӣ ва дигар таҷҳизоти истифодаи умум эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигоҳдошти хонаи истиқоматӣ ва минтақаҳои атрофии бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумӣ қарор доштаро таъмин кунанд;
соҳибони манзилҳои истиқомати вазифадоранд саривақт ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро(газ, барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохт намоянд;
иҳота намудани балконҳо бо панҷара, шишабандӣ кардани пешайвон ва инчунин дар балконҳои хонаҳои истиқоматӣ овехтани ҳаргуна анҷому либосҳо манъ аст;
роҳ надодан ҷиҳати худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ, таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани нишонаи таъиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва нақшу нигори намуди беруна.

Авария на линии электропередачи
Уважаемые граждане, в случае перебоев в подаче электроэнергии и несчастных случаев на линиях электропередач,
Авария на линии электропередачи
Шаҳрвандони муҳтарам, дар ҳолати қатъ гардидани интиқоли барқ ва садама дар хатҳо аз трансформаторҳои барқӣ метавонед ба навбтдори Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурочиат намоед:
Қутбиддинов Парвиз Ҳанонович-сардори Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
тел.: 236-38-98,
Навбатдори шабонарӯзии Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
тел.:223-22-14, 236-10-14
Навбатдори шабонарузии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
тел.:235-88-70