МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАЙНИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МАҲФИЛИ “ШОҲМОТ”-И МАРКАЗ

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва баргузории «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2024, №324 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” тасдиқ гардидааст, байни таълимгирандагони маҳфили “Шоҳмот”-и муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони Read more…

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

28.05.2024 16:40, шаҳри Душанбе 28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Read more…

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

28.05.2024, шаҳри Душанбе Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ! Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям. Ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи Read more…

18.05.2024 МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ- ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ” ВА БАРГУЗОРИИ ҚИСМИ АМАЛИИ ОЗМУН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 №668 дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон фармоиши мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино аз 13 майи соли 2024 №71/4-A дар бораи баргузории даври дуюми Read more…

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» баргузор шуд. Даври ноҳиявии омзун дар ноҳияи Сино дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сурат гирфита, Read more…

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ВА РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИҲО

Ҳамасола дар доираи тадбирҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи ғалаба ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёни набардҳои нобаробари ин ҷанг, ки ҳоло дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, туҳфаҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Зимни аёдати шахсӣ имсол низ чунин Read more…

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

ш.Душанбе. 08.05.2024. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Read more…

“БАД-ИН ХУРРАМӢ ҶАҲОН, БАД-ИН ТОЗАГӢ БАҲОР”

Бо мақсад боз ҳам зебо ва хуррам гардонидани кишварамон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи шаҳрамон, ноҳияи Сино вусъати тоза касб менамояд. Дар ин муносибат санаи 27-уми апрел бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар кучаву хиёбонҳои ноҳия ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Read more…

МУЛОҚОТ БО ПОПИ РИМ ФРАНСИСК

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд. Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост. Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол Read more…

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ

25.04.2024 14:04, Италия Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд. Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат Read more…