МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ, ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ ВА СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 82 ҶИҲАТИ ПУРЗУР НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТҲОИ НОМАТЛУБ

Тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таълимии №54 ноҳия миёни кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фаъолони ноҳия ва сокинони Read more…

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид. Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, кормандони Read more…

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАБОН МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ АСТ”

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Забон муҳимтарин омили худшиносии миллат аст” ташкил ва баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлиси Read more…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо бо рӯзи шукӯҳманду фархундаи мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри дароз, толеъи баланд дар ин вазифаи пурмасъулият ва бурдбориҳои бузургу беназирро таманно менамоем. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар Read more…

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНО МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сокинони азиз! Бо камоли самимият ва эҳтиром ҳамаи шуморо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, табрик менамоям. Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад Ин аст, Read more…

Эълон

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмури давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Замимаба қарори Раиси ноҳияи Синоишаҳри Душанбеаз 27 сентябри соли 2023, №128 1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Талаботи тахассусӣ барои довталабон: – таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, Read more…

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

8 сентябри соли 2023, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он Read more…

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУҚАДДАСТАРИН ВА ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ”

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз (6 сентябри соли 2023) бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар маҷлиси тантанавии мазкур роҳбари Read more…

Ҳамдардии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи шахсони ҳалокшудаи бар асари боридани борони зиёд ва рух додани офати табиӣ

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Read more…

АКСИЯИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН”

Бо мақсади беҳдошти муҳит ва таъмини тозагӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони мақомот, соҳаи маориф, тандурустӣ ва мактабҳои варзишӣ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва масҷидҳои ҳудуди ноҳия аксияи тозагӣ таҳти унвони Read more…